Тоҷикистону БОР дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Ахири ҳафтаи сипаришуда зимни мулоқоти муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Саидраҳмон Назриев бо намояндагони Бонки осиёггии рушд (БОР) вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд. Хадамоти матбуоти БОР дар шарҳи ин хабар менависад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масоили иқтисодӣ ва ҳамкории барои тарафайн судманд, тарҳи барномаи ислоҳот ва мақоми иҷрои тадбирҳо тибқи […]

Пайрав Чоршанбиев



Ахири ҳафтаи сипаришуда зимни мулоқоти муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Саидраҳмон Назриев бо намояндагони Бонки осиёггии рушд (БОР) вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Хадамоти матбуоти БОР дар шарҳи ин хабар менависад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масоили иқтисодӣ ва ҳамкории барои тарафайн судманд, тарҳи барномаи ислоҳот ва мақоми иҷрои тадбирҳо тибқи ҷадвали баимзоасида дар доираи Ёддошт миёни ҳукумати Тоҷикистон ва бонкро баррасӣ кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили марбут ба нақша ва тадбирҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд низ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Қобили зикр аст, ки БОР яке аз ниҳодҳои бузурги молии мадарасон ба Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки давоми 15 сол ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 1,3 млрд. доллари ИМА кумаки молӣ расонидааст. Ин воситаҳо ба Тоҷикистон асосан ба сифати бурс ва кумаки техникӣ пешниҳод шудаанд.

Аз соли 2008 Бонки осиёгии рушд танҳо бар асоси бебозгашт ба Тоҷикистон кумаки молӣ мерасонад.

Қаблан раҳбарияти намояндагии БОР дар Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки аз соли 2015 имкони барқарор кардани ба Тоҷикистон пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок вуҷуд дорад. «Эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки шурӯъ аз соли 2015 ба Тоҷикистон воситаҳои бурсӣ ва қарзҳои имтиёзнок дар ҳаҷми баробар ҷудо карда шавад», – хабар дода буд ба журналистон аввали соли гузашта намояндаи доимии БОР дар ҶТ С.Си.Ю.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио