Ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон дар Красногорск бар асари сӯхтор

Бар асари сар задани сӯхтор, ки рӯзи 22 май дар яке аз биноҳои анбори ҶДММ «Элформ» дар шаҳри Красногорски вилояти Маскави Русия ба амал омад, шаҳрванди Тоҷикистон – зодаи шаҳри Ваҳдат Бахтовар Самадови 19-сола ба ҳалокат расид. Сухангӯи намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар […]

Аваз Юлдошев



Бар асари сар задани сӯхтор, ки рӯзи 22 май дар яке аз биноҳои анбори ҶДММ «Элформ» дар шаҳри Красногорски вилояти Маскави Русия ба амал омад, шаҳрванди Тоҷикистон – зодаи шаҳри Ваҳдат Бахтовар Самадови 19-сола ба ҳалокат расид.

Сухангӯи намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин бора ба намояндагӣ як хеши ҳалокшуда Бахтиёр Сафолов хабар дода, изҳор намудааст, ки Бахтовар ҳамроҳи боз ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин шикрат машғули кор будааст.

Зимнан зикр гардид, ки сӯхтор майдони беш аз 700 метри мураббаъро фаро гирифта, тибқи маълумоти пешакӣ, эҳтимоли сар задани сӯхтор беэҳтиётӣ ҳангоми кор бо таҷҳизоти барқӣ барои буридани металл ва риоя накардани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор арзёбӣ мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.