Ровии маъруфи телевизион 5 сол дар зиндони Норак адои ҷазо мекунад

Собиқ диктори маъруфи телевизион, номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи парлумонии соли 2005 Муаттара Ҷӯраева баъди 2 моҳи содир шудани ҳукм, аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Вазорати адлия ба муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак гузаронида шуд. Олиябону Ҷӯраева, модари Муаттара Ҷӯраева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки се рӯз қабл духтараш […]

Мавзуна Абдуллоева



Собиқ диктори маъруфи телевизион, номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи парлумонии соли 2005 Муаттара Ҷӯраева баъди 2 моҳи содир шудани ҳукм, аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Вазорати адлия ба муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак гузаронида шуд.

Олиябону Ҷӯраева, модари Муаттара Ҷӯраева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки се рӯз қабл духтараш ба маҳбаси Норак мунтақил шуда, панҷ соли адои ҷазоро дар ин муассиса паси сар мекунад.

«Пас аз содир шудани ҳукм мо дигар духтарамро дида натавонистем, вале ба мо ваъда доданд, ки баъди 10 рӯз, ки карантин ба охир мерасад, ба боздиди мо бо Муаттара иҷозат медиҳанд. Рӯзи 4 июн ӯ зодрӯз дорад ва мехоҳем, ки маҳз дар ҳамин рӯз ба дидораш расем», – иброз дошт ӯ.

Модари ровии телевизион дар шарҳи қазияи духтараш гуфт, барои беҳбуди рӯзгор Муаттара маҷбур шудааст, ки барои сохтмони тарабхона аз 7 нафар дар ҳаҷми 140 ҳазор доллари ИМА қарз гирад ва «ӯ омода буд, ки баъди ба кор даромадани тарабхона, ин маблағҳоро бо фоизҳояшон баргардонад, вале ба ӯ чунин имкон надоданд».

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки нияти сафар ба Русияро дорад, то ки барои пардохти қарзи духтараш пул кор кунад. «Мо чӣ тавр ин пулҳоро бармегардонем? Мо ин миқдор маблағ надорем ва ягона илоҷи ман сафар ба Русия аст, то ҳамаи маблағи заруриро ҷамъ кунам, – шикоят кард Олиябону. – Ман аз президент Эмомалӣ Раҳмон дархост кардам, ки духтарамро озод кунад, то ки ӯ худаш кор карда, қарзҳояшро баргардонад, вале дархости ман бепосух боқӣ монд».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17 марти соли равон суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муаттара Ҷӯраеваро

ба 9 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Мутобиқи қонуни афв ба муносибати 20-солагии қабули Конститусия, сеяки муҳлати ҷазои ӯ кам шуда, акнун аз муҳлати ҷазои ӯ 5 сол боқӣ мондааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.