Шабдолов: Раҳбарияти тамоми сохтори қудратӣ бояд ба истеъфо равад

Сиёсатмадори маъруф, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабодолов дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки сиёсати қавмии кадрии раҳбарияти имрӯзаи Тоҷикистон ба чунин зуҳуроти шармандасоз аз қабили ба сафҳои созмони террористии ДИИШ пайвастани фармондеҳи бонуфузи яке аз сохторҳои қудратӣ оварда мерасонад. Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба қазияи фирори фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и […]

ASIA-Plus



Сиёсатмадори маъруф, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабодолов дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки сиёсати қавмии кадрии раҳбарияти имрӯзаи Тоҷикистон ба чунин зуҳуроти шармандасоз аз қабили ба сафҳои созмони террористии ДИИШ пайвастани фармондеҳи бонуфузи яке аз сохторҳои қудратӣ оварда мерасонад.

Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба қазияи фирори фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и Вазорати корҳои дохилӣ полковник Гулмурод Ҳалимов президенти Тоҷикистонро зарур аст, ки сари масъалаи сиёсати кадрӣ ҷиддӣ андеша кунад.

«Сарфи назар аз ба камбудиҳои зиёд роҳ додани кормандони сохторҳои қудратии кишвар, ки ба ҳар навъе вазифаҳои хизматии худро оид ба таъмини сулҳу субот дар ҷумҳурӣ иҷро мекунанд, мардум ба онҳо бовар дорад, вале фирори фармондеҳи чунин сатҳ метавонад ба ин эътимод ҳам ба падарон-фармондеҳону ҳам ҳукуматдорон ва сиёсатмадорон рахна ворид намояд», – қайд кард сиёсатмадор.

Шабдолов чунин мешуморад, ки Конститутсияи Тоҷикистон, ки замони шиддатёбии даргириҳои шаҳрвандӣ қабул шуд, ба мутамарказ сохтани тамоми ҳокимяит ба дасти як нафар – президент ҳуқуқ медиҳад.

«Вале ҷанг хотима ёфта, замони роҳандозии ислоҳоти конститутсионӣ дар кишвар фаро расидааст, маҳдуд кардани ҳокимияти президент ва ба ҳукумату парлумон додани қисмате аз ваколатҳои ӯ зарур аст ва дар ин ҳолат кадрҳо ба ҳамаи бахшҳо на аз рӯи садоқати шахсӣ ба касе, балки бо эътирофи мардум интихоб мешаванд», – гуфт ӯ.

Раиси ҲКТ мутмаин аст, ки дар ҳама гуна давлати муътадил ҳангоми ба вуқӯъ пайвастани чунин ҳодисаҳои хиёнаткорӣ, ки аз ҷониби фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон

содир шуд,

на танҳо вазири корҳои дохилӣ, балки раҳбарияти тамоми сохторҳои қудратӣ ба итсеъфо мерафтанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.