Ҷашни пуршукӯҳи Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон



Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон пуршукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.

Соати 17-00 дар Боғи кӯдакон (назди варзишгоҳи «Спартак») шаҳрдории Душанбе бо иштироки беш аз 2 ҳазор нафар тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо ва макотиби таҳсилоти умумӣ, ҳамчунин ситораҳои эстрадаи тоҷик як чорабинии ҷолибе доир менамояд.

Директори боғи кӯдакону наврасони пойтахт Комилҷон Холов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамзамон дар гӯшаи дигари боғ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва озмуни махсус барои кӯдакон «Расм дар рӯйи асфалт» гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Ғайр аз ин, дар тарабхонаи «Русский двор» Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ доир ба нақши тарбияи кӯдакон ва тарзҳои ҳимоя аз ҳуқуқи онҳо чорабинии иттилотиву фарҳангӣ барпо мекунад, ки дар он овозхони шинохта Нигина Амонқулова ширкат меварзад.

Ҳамчунин Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ низ дар тамоми боғҳои фарҳангу истироҳат дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногун баргузор мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное