Ҷашни пуршукӯҳи Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон дар Тоҷикистон

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон пуршукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Соати 17-00 дар Боғи кӯдакон (назди варзишгоҳи «Спартак») шаҳрдории Душанбе бо иштироки беш аз 2 ҳазор нафар тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо ва макотиби таҳсилоти умумӣ, ҳамчунин ситораҳои эстрадаи тоҷик як чорабинии ҷолибе доир менамояд. Директори боғи кӯдакону наврасони пойтахт Комилҷон Холов ба «Азия-Плюс» дар ин робита […]

Мавзуна Абдуллоева



Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон пуршукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.

Соати 17-00 дар Боғи кӯдакон (назди варзишгоҳи «Спартак») шаҳрдории Душанбе бо иштироки беш аз 2 ҳазор нафар тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо ва макотиби таҳсилоти умумӣ, ҳамчунин ситораҳои эстрадаи тоҷик як чорабинии ҷолибе доир менамояд.

Директори боғи кӯдакону наврасони пойтахт Комилҷон Холов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамзамон дар гӯшаи дигари боғ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва озмуни махсус барои кӯдакон «Расм дар рӯйи асфалт» гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Ғайр аз ин, дар тарабхонаи «Русский двор» Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ доир ба нақши тарбияи кӯдакон ва тарзҳои ҳимоя аз ҳуқуқи онҳо чорабинии иттилотиву фарҳангӣ барпо мекунад, ки дар он овозхони шинохта Нигина Амонқулова ширкат меварзад.

Ҳамчунин Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ низ дар тамоми боғҳои фарҳангу истироҳат дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногун баргузор мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.