Кондитсионери нави Blowkiss аз ширкати LG – иқлими солим дар хонаи шумо

Кондитсионерҳои нави LG  ба ғайр аз иҷрои вазифаҳои зиёд, дорои  дизайни зебо  ҳам мебошанд ва метавонанд утоқи корӣ ва хонаи шуморо оро   бидиҳанд. Афзалияти кондитсионерҳои  нави LG Blowkiss паҳншавии махсуси ҷараёни ҳавост, ки эҳсосоти  насими форами  табииро мемонад. Ҳамчунин  технологияи иноватсионии тозакунии ҳаво ва гармидиҳии самаранок низ  аз бартариҳои ин кондитсионер аст. Баҳорон-маҳз  вақти харидани […]

ASIA-Plus



Кондитсионерҳои нави LG  ба ғайр аз иҷрои вазифаҳои зиёд, дорои  дизайни зебо  ҳам мебошанд ва метавонанд утоқи корӣ ва хонаи шуморо оро   бидиҳанд. Афзалияти кондитсионерҳои  нави LG Blowkiss паҳншавии махсуси ҷараёни ҳавост, ки эҳсосоти  насими форами  табииро мемонад. Ҳамчунин  технологияи иноватсионии тозакунии ҳаво ва гармидиҳии самаранок низ  аз бартариҳои ин кондитсионер аст.

Баҳорон-маҳз  вақти харидани кондитсионерҳост. Ба ғайр аз  вазифаи асосиашон  – хунук кардани ҳаво, технологияҳои инноватсионӣ имконият медиҳанд, ки дар рӯзҳои серборишу намноки  баҳорӣ  хонаҳои шумо гарм шаванд. Кондитсионерҳои LG дар муддати кӯтоҳ муҳити фазояшон калонро  гарм месозанд ва шароити бофароғат фароҳам меоваранд. Системаи самаранок бо насоси гармкунанда  ҳангоми гармкунӣ барқро сарфа менамояд ва ҷавобгӯи талаботи шумост.

Худ қазоват намоед:   барои  ба даст овардани  3.81 кВт неруи гармӣ  фаъолияти чор  гармидиҳандаи  барқӣ лозим аст, ҳол он, ки як кондитсионери инвертории    LG метавонад ҳамин миқдор гармиро  дар ҳолати истифодаи  1.05 кВт    қувваи барқ  ҷудо намояд.

Бисёре аз одамон  дар ташвишанд, ки кондитсионер метавонад онҳоро ба бемориҳои  шамолхӯрӣ  гирифтор намояд. Тақсимоти инноватсионии ҳаво  дар чор самт  имконият медиҳад, ки ҷараёни ҳаво вобаста ба ҷойгиршавии  хона таҳти назорат гирифта шавад.  Бодбезак ва паррачархи  кондитсионер    тавре тарҳрезӣ шудаанд, ки ҳавои хунукро   ҳам ба таври амудӣ ва ҳам  вертикалӣ  тез ва самаранок ба ҳар кунҷи хона паҳн шавад.

Дар кондитсионери LG Blowkiss функсияи Jet Cool насб шудааст, ки  тавассути он  хунукшавии хона ҳамагӣ 5 дақиқа вақтро мегираду халос, ки  назар ба кондитсионерҳои дигар се маротиба  тезтар аст. Конструксияи беҳтаркардашудаи  шикофии бодкашанда ҳангоми  даромад ва баромади  ҳаво  суръати  гардиши дохилии онро то 20% метезонад.

Ба ғайр аз ин, кондитсионерҳои LG- воситаи хуби пешгирии  аллергия мебошад. Филтри «Антибактерия»  дорои  сифатҳои антибактериологӣ  буда, ҳаворо пешакӣ аз ҷузъиёти хурдтарини аллергетикӣ  тоза мекунад. На танҳо  ҷузъиётҳои микроскопӣ, чангу хок, бактерияву вирус,  балки  ҳашароти хурди паразитӣ, гарду ғубор ва пашми ҳайвоноти хонагӣ, ки ангезандаи аллергия ҳастанд,  низ  бартараф карда мешаванд.

Технологияи нави  ҳимояи автоматии  система аз пасту баландшавии ҷараёни барқ – AVP  имоният медиҳад, ки  бастаҳои кондитсионер аз пастубаландшавии ҷараёни барқ  ҳимоя карда шаванд, дар натиҷа  фаолияти кондитсионер дарозмуддат мешавад.

Дар ҳаққи саломатии шумо ғамхорӣ намуда, кондитсионери  LG Blowkiss  лаззати ҳавои салқинро дар гармои тобистон ва  гармии бофароғатро дар сардиҳо бароятон ҳадя менамояд. Дар баробари ин  ба шарофати дизайни муднок ва шакли  зебоии зоҳириаш, намуди хона ва ё утоқӣ кориатонро оро медиҳад.


Дар




бораи




ширкати


LG Electronics

Ширкати LG Electronics Inc дар бозори ҷаҳонии электроникаи истеъмолӣ, алоқаи мобилӣ ва техникаи маишӣ   пешрав ва истеҳсолкунандаи  технологияҳои инноватсионӣ ба ҳисоб меравад.  Ширкат 87 000 корманд дорад, ки дар 113 коргоҳ дар тамоми олам фаъолият мебаранд. Ҳаҷми фурӯши сартосарӣ дар  2014 сол, 53 млрд.доллари амрикоиро (58,14 трлн. вони кореяги) ташкил дод. Ширкати LG аз чор  қисмати тиҷоратӣ  – Home Entertainment, Mobile Communications, Home Appliance &, Air Solution ва Vehicle Components иборат буда, яке аз барандагони  асосӣ оид ба истеҳсоли телевизорҳои ҳамворпанел, мошинҳои ҷомашӯӣ ва яхдонҳо мебошанд. Дар соли 2015 маҳсулоти LG Electronics сазовори  15 ҷоизаи International CES® Innovations Awards гардидааст.


Дар




бораи


LG Electronics Home Appliance & Air Solution

Ширкати LG Electronics Home 

Appliance & Air Solution

дар бозори техникаи маишӣ   пешрав ва пешбаранда ба ҳисоб рафта, маҳсулоти  шаклан зебо, аз нуқтаи назари экологӣ тоза ва  инноватсиониро пешкаш менамояд.

Дар байни номгӯи  маҳсулоти истеҳсолкунандаи LG  яхдонҳо, мошинаҳои ҷомашӯӣ ва зарфшӯӣ, техника барои  ошхона, чангкашакҳо   машҳуранд. Дастгоҳҳои маишии ширкати LG дар истифода хеле осонанд. Ширкат  пайваста  технологияи худро мукаммал мегардонад ва техникаи шевои маишии ба монанди аввалин  яхдони интрерактивӣ ва  ё мошинаи ҷомашӯии буғдорро пешкаши истеъмолкунандагон менамояд. Ба туфайли инноватсияҳо ширкати  LG дар сегменти техникаи маишии хонагӣ дастгоҳҳои  бисёрфунксионалии шево ва баландҷабҳаи технологӣ истеҳсол менамояд ва мавқеи худро дар  ин ҷода  дар олам боз ҳам мустаҳкамтар менамояд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.