Нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф рӯзи 8 июн бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф меорад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, зимни дидору гуфтушунидҳои ӯ бо президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои ҳукумати Тоҷикистон баррасии масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо ва осонтар гардонидани транзит ва ҳамлу нақли борҳо дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000 ва амалисозии пурсамари дигар лоиҳаҳои минтақавӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард.
Зимнан зикр гардид, ки нахуствазири Покистон ҳамзамон дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки рӯзҳои 9-11 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, низ ширкат меварзад.



