Дар Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда, 7 июн ба муносибати 8-умин солгарди қабули қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Бо такя ба маълумоти маърӯзачиён дар семинари мазкур, мудири шуъбаи Кумитаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тӯли 8 соли амали ин қонун бо харҷи умумии 908 млн. сомонӣ дар саросари кишвар 422 ҳазору 669 маросимҳо гузаронида шудаанд.
«Агар хароҷот ба ин чунин маросимҳо то қабули қонун ба инобат гирифта шавад, бо итминони комил метавон гуфт, ки ба туфайли ин қонун аҳолӣ дар ин давра ба ҳадди камтарин 3 млрд. сомонӣ маблағ сарфа кард», – иброз дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки дар ин давра ба хотири хайрия 2329 маросими тӯйҳои издивоҷ ва беш аз 40 ҳазор маросими ххатнатӯй баргузор шуда, давоми 8 соли амали қонун, 844 ҳолати риоя нашудани меъёрҳои ин қонун ба қайд гирифта шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки иштирокдорони семинар оид ба беҳтар кардани якчанд моддаҳои қонуни мазкур вобаста ба вақти гузаронидани маросимҳои тантанавӣ, шумори даъватшавандагону ҳамроҳон ва ғайра пешниҳоду тавсияҳо таҳия намуданд.




