Сарфаи 3 млрд. сомонӣ дар 8 соли амали қонуни танзими расму оин

Дар Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда, 7 июн ба муносибати 8-умин солгарди қабули қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявӣ доир гардид. Бо такя ба маълумоти маърӯзачиён дар семинари мазкур, мудири шуъбаи Кумитаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, […]

Турко Дикаев



Дар Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда, 7 июн ба муносибати 8-умин солгарди қабули қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Бо такя ба маълумоти маърӯзачиён дар семинари мазкур, мудири шуъбаи Кумитаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тӯли 8 соли амали ин қонун бо харҷи умумии 908 млн. сомонӣ дар саросари кишвар 422 ҳазору 669 маросимҳо гузаронида шудаанд.

«Агар хароҷот ба ин чунин маросимҳо то қабули қонун ба инобат гирифта шавад, бо итминони комил метавон гуфт, ки ба туфайли ин қонун аҳолӣ дар ин давра ба ҳадди камтарин 3 млрд. сомонӣ маблағ сарфа кард», – иброз дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки дар ин давра ба хотири хайрия 2329 маросими тӯйҳои издивоҷ ва беш аз 40 ҳазор маросими ххатнатӯй баргузор шуда, давоми 8 соли амали қонун, 844 ҳолати риоя нашудани меъёрҳои ин қонун ба қайд гирифта шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки иштирокдорони семинар оид ба беҳтар кардани якчанд моддаҳои қонуни мазкур вобаста ба вақти гузаронидани маросимҳои тантанавӣ, шумори даъватшавандагону ҳамроҳон ва ғайра пешниҳоду тавсияҳо таҳия намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.