Кӯшиши ба Тоҷикистон фирор кардани се мансабдори воломақоми Афғонистон

Се нафар мансабдорони воломақоми Вазорати шаҳрсозии Афғонистон ҳангоми кӯшиши фирор ба Тоҷикистон боздошт шуданд. Хабаргузории афғонии «Хома» бо такя ба гуфтаҳои Аҳмад Навид Фурӯтан, сухангӯи маъмурияти вилояти Бадахшон, дар шарҳи ин матлаб менависад, субҳи рӯзи 8 июн Муҳаммад Амин Қонеъ, Аҳмад Навоз Бахтиёр ва Саид Амон Содот дар вулусволии Шуғнон боздошт шудаанд, ки кӯшиши ба […]

ASIA-Plus



Се нафар мансабдорони воломақоми Вазорати шаҳрсозии Афғонистон ҳангоми кӯшиши фирор ба Тоҷикистон боздошт шуданд.

Хабаргузории афғонии «Хома» бо такя ба гуфтаҳои Аҳмад Навид Фурӯтан, сухангӯи маъмурияти вилояти Бадахшон, дар шарҳи ин матлаб менависад, субҳи рӯзи 8 июн Муҳаммад Амин Қонеъ, Аҳмад Навоз Бахтиёр ва Саид Амон Содот дар вулусволии Шуғнон боздошт шудаанд, ки кӯшиши ба Тоҷикистон гурехтанро доштаанд.

«Ду ҳафта қабл президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 6 нафар кормандони ин вазоратро ба иттиҳоми ришваситонӣ аз мансабашон сабукдӯш кард. Тафтиши ин парванда ба дӯши Прокуратураи генералӣ вогузор шуда, ба мансабдорони ин ниҳод  сафар ба хориҷи кишвар манъ шуда буд, то ки аз ҷавобгарӣ пинҳон шуда натавонанд», – менависад хабаргузории «Хома».

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки яке аз ин гумонбаршудагон марз бо Покистонро убур карда, ғайр аз ин, қисмате аз мабалғҳои барои кори вазорат ҷудошуда, ба хориҷи кишвар гузаронида шудаанд.

Сухангӯи президент Ҳамдулло Муҳиб дар ин робита таъкид доштааст, ки мубориза бо фасод яке аз самтҳои афзалиятноки кори сарвари давлат ба шумор меравад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.