Пешниҳоди президент ба парлумон оид ба рутбаҳои нави дипломатӣ дар Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба палатаи поёнии парлумон муқаррар кардани рутбаҳои нави дипломатӣ дар Тоҷикистонро пешниҳод кард. Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, президент пешниҳод кардааст, ки қарори амалкунандаи парлумон дар бораи рутбаҳои дипломатӣ навсозӣ шавад. Аз ҷумла, сарвари давлат пешниҳод намудааст, ки ба кормандони Вазорати корҳои хориҷии […]

Аваз Юлдошев



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба палатаи поёнии парлумон муқаррар кардани рутбаҳои нави дипломатӣ дар Тоҷикистонро пешниҳод кард.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, президент пешниҳод кардааст, ки қарори амалкунандаи парлумон дар бораи рутбаҳои дипломатӣ навсозӣ шавад. Аз ҷумла, сарвари давлат пешниҳод намудааст, ки ба кормандони Вазорати корҳои хориҷии кишвар, намояндагони дипломатӣ дар хориҷи давлат, кормандони сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи президент дараҷаҳои зерини дипломатӣ муқаррар карда шавад – Сафири Мухтор ва Фавқулода, Фиристодаи Мухтор ва Фавқулодаи дараҷаи 1 ва 2, Мушовири дараҷаи 1 ва 2, котиби дараҷаи 1 ва 2 ва ғайра.

Ба гуфтаи манбаъ, тибқи лоиҳаи рӯйхати рутбаҳои дипломатии аз ҷониби президент пешниҳодшуда феҳристи амалкунанда ба таври қобили мулоҳиза навсозӣ хоҳад шуд.

«Пешниҳоди президентро вакилон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати панҷум, ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, 10 июн баргузор мешавад, баррасӣ мекунанд», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.