Нахуствазирони Тоҷикистону Афғонистон Изҳороти муштарак ба имзо расониданд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо нахуствазири Афғонистон – раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дидору гуфтушунид кард. Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот ҷонибҳо ба масоили густариши ҳамкориҳо дар бахши иқтисод таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, батафсил масоили […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз дар шаҳри Душанбе нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо нахуствазири Афғонистон – раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дидору гуфтушунид кард.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот ҷонибҳо ба масоили густариши ҳамкориҳо дар бахши иқтисод таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, батафсил масоили марбут ба рушди савдои наздимарзӣ, ҳамкориҳои гумрукӣ, транзити молу коло ва хизматгузориҳоро баррасӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид нахуствазирони Тоҷикистону Афғонистон Изҳороти муштарак дар бораи дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро ба имзо расонидаанд.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин дар ҳузури нахуствазирони кишварҳо вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон Сироҷиддин Аслов ва Салоҳиддин Раббонӣ Протокол дар бораи ҳамкории идораи сиёсати хориҷии кишварҳоро низ ба имзо расонидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.