Ҳалокати собиқ муовини вазири корҳои дохилӣ дар садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда рух дод, генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Ҷӯрақулов ҳалок шуд. Аз Раёсати БДА-и ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки нимаи дуюми рӯз ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Варзоб ба Душанбе дар автомашинаи шахсии худ, дар километри 30-юми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд Ҷӯрақулов аз уҳдаи идораи […]

ASIA-Plus



Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда рух дод, генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Ҷӯрақулов ҳалок шуд.

Аз Раёсати БДА-и ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки нимаи дуюми рӯз ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Варзоб ба Душанбе дар автомашинаи шахсии худ, дар километри 30-юми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд Ҷӯрақулов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба нақлиёти боркаши «Дулан бармехӯрад, ки дар натиҷа Ҷӯрақулов ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Маҳмадсаид Ҷӯрақулов моҳи январи соли ҷорӣ ба нафақа баромада, давоми солҳои 2004-2005 ба ҳайси муовини вазири корҳои дохилӣ, сипас сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ифои вазифа намуда, то ба нафақа рафтанаш ба намояндагии Интерпол дар Тоҷикистон роҳбарӣ мекард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.