Сомонаҳои хабаргузориҳо дар Тоҷикистон дастрас шуданд

Бо гузашти қариб 10 рӯз дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии хабаргузориҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла ба торнамои гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» барқарор шуд. Тавре худи корбарони сомонаҳо хабар доданд, ворид шудан ба торнамоҳо рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта имконпазир шудааст. Айни замон сомонахои шабакаҳои иҷтимоии Facebook, «Одноклассники», «ВКонтакте» ва видеохостинги YouTube низ дастрас аст. Корбарон иттилоъ доданд, ки […]

ASIA-Plus



Бо гузашти қариб 10 рӯз дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии хабаргузориҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла ба торнамои гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» барқарор шуд.

Тавре худи корбарони сомонаҳо хабар доданд, ворид шудан ба торнамоҳо рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта имконпазир шудааст. Айни замон сомонахои шабакаҳои иҷтимоии Facebook, «Одноклассники», «ВКонтакте» ва видеохостинги YouTube низ дастрас аст. Корбарон иттилоъ доданд, ки то ҳол дастрасӣ ба сомонаи Радиои Озодӣ аз ҷониби як қатор ширкатҳои фароҳамсози интернет дастнорас боқӣ мемонад.

Ёдрас мекунем, ки дастрасӣ ба сомонаҳои чанде аз хабаргузориҳои Тоҷикистон рӯзи 28 май баъди дар шабакаҳои интернетӣ пайдо шудани навори видеоии муроҷиати полковники фирорӣ, собиқ фармондеҳи ОМОН Гулмурод Ҳалимов қатъ шуда, Хадамоти алоқа даст доштани худ дар ин амалро рад карда буд.

Рӯзи 4 июн сафорати ИМА аз баста шудани дастрасӣ ба сомонаҳои чанде аз хабаргузориҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон

нигаронӣ изҳор намуд.

Дар изҳороти интишоршудаи намояндагии дипломатии ИМА дар ин робита зикр гардид, ки Иёлоти Муттаҳида боварӣ дорад, ки ҳуқуқи ҳар шахс дар озодона иброз намудани фикри худ, хоҳ дар майдони оммавӣ ва хоҳ дар шабакаи интернетӣ, умумибашарист.

«Сафорати ИМА баҳри мусоидат ба рушди воситаҳои ахбори оммаи озоду мустақил бо ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва аъзои воситаҳои ахбори омма ҳамкорӣ дошта, аз ҳукумати Тоҷикистонро даъват мекунад, ки маҳдудиятро аз шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ, Азия Плюс ва дигар сомонаҳои ахборотӣ ва иҷтимоӣ бардорад», – қайд шуда буд дар изҳорот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.