Эмомалӣ Раҳмон вазири нерӯи Эронро ба ҳузур пазируфт

Нимаи аввали имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳомид Читчиёнро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Тоҷикистон аз он қаноатманд аст, ки солҳои охир дар ҷодаи робитаҳои иқтисодии ду кишвар ҳамкории бунёдӣ мақоми асосӣ пайдо кардааст”. Тазаккур дода шуд, […]

ASIA-Plus



Нимаи аввали имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳомид Читчиёнро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Тоҷикистон аз он қаноатманд аст, ки солҳои охир дар ҷодаи робитаҳои иқтисодии ду кишвар ҳамкории бунёдӣ мақоми асосӣ пайдо кардааст”.

Тазаккур дода шуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолияти босамар доранд. Мубодилаи молу колои миёни Тоҷикистону Эрон соли 2014 зиёда аз 228 миллион долларро ташкил дод, ки ин баробар ба 4,3% тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ин сол аст.

Бо қаноат зикр гардид, ки ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар арсаҳои бунёдии энергетика ва тавлиди зербинои нақлиётӣ – дар баробари робитаҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ-ҷанбаи муҳимтарини муносиботи ду кишвар аст.

Изҳори бовар карда шуд, ки бо истифода аз таҷрибаи муштараки сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 ҷониби Эрон дар бунёди дигар нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ҳам саҳмгузор хоҳад буд.

Ҳамчунин ба густариши робитаҳои сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳан ва кашидани хатти барқии баландшиддат ва лӯлаи оби ошомиданӣ миёни се кишвар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.