Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Ин аввалин сафари хориҷии ман ба сифати раиси ҳукумат аст

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масоили даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масоили даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодиёту иҷтимоиёт, маориф ва ғайра баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба бо кишвари дӯсту бародари Афғонистон буд, ҳаст ва хоҳад монд. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ин муносибатҳо ҳамеша дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи манофеи ҳар ду ҷониб бошанд. Дар байни кишварҳои минтақа мо ба ҳамкорӣ бо кишвари шумо алоқамандии хос дорем”.

Доктор Абдулло Абдулло ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар робитаҳои хориҷии Афғонистон басо баланд арзёбӣ карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “ин аввалин сафари хориҷии ӯ пас аз интихоботи президентии кишвараш ва ба мақоми Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон расиданаш мебошад, ки ба Тоҷикистон рост омадааст”.

Аз заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, ки иборат аз қариб 80 санад мебошад, изҳори қаноат карда шуд.

Фаъол гардидани хатти барқии 220 – киловолтаи Тоҷикистону Афғонистон, пулҳои мошингузари миёни ду кишвар ва нақшаҳои калонмиқёси минтақавӣ доир ба кашидани хатти барқии 500-киловолтаи CASA-1000 ва сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон намунаҳои возеҳи густариши робитаҳои судбахши ду давлати ҳамсоя номида шуд.

Гуфтугӯйи судбахш ҳамчунин доир ба кашидани лӯлаи гази Афғонистон-Тоҷикистон, сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва дигар нақшаҳои ояндаи минтақавӣ сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки сохторҳои масъули Тоҷикистону Афғонистон бояд дар татбиқи босуръат ва босифати ин нақшаю тадбирҳо бештар фаъол бошанд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили амниятӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои сарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зоҳир гардид.

Масоили дигари минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамчунин рӯзномаи масоили ҷаҳонии вобаста ба даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт”низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.