Шиносоии ҷавонони Суғд бо макони сайёҳии Кӯлоб

Сафари ҳайати ҷавонони вилояти Суғд ба шаҳри Кӯлоб дар чаҳорчӯби барномаи бузургмиқёси «Соли сайёҳӣ (туризм)», ки тариқи пойгаи автомобилии «Хуҷанд-Душанбе-Кӯлоб» бо иштироки 160 нафар писарону духтарон рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта сурат гирифт, бо шоми дӯстиву ҳамдилии иштирокдорони он анҷом пазируфт. Рӯзноманигори телевизиони вилояти Суғд ва яке аз намояндагони ҳайат Муҳайё Шарипова дар суҳбат бо хабарнигори […]

Турко Дикаев



Сафари ҳайати ҷавонони вилояти Суғд ба шаҳри Кӯлоб дар чаҳорчӯби барномаи бузургмиқёси «Соли сайёҳӣ (туризм)», ки тариқи пойгаи автомобилии «Хуҷанд-Душанбе-Кӯлоб» бо иштироки 160 нафар писарону духтарон рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта сурат гирифт, бо шоми дӯстиву ҳамдилии иштирокдорони он анҷом пазируфт.

Рӯзноманигори телевизиони вилояти Суғд ва яке аз намояндагони ҳайат Муҳайё Шарипова дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар интихоби намояндагони ҳайат ба фаъолон, ғолибону ҷоизадорони олимпиадахои фаннӣ, кӯдакони ятим ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат афзалият дода шуда, ҳадаф аз ин иқдом шиносоии ҷавонони минтақаи шимол бо шаҳрҳои ҷануби кишвар ва таҳияи рекламаи имконоти сайёҳиии Тоҷикистон барои меҳмонони форуми байнулмилалии сайёҳӣ аст, ки рӯзҳои 11-17 июн дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад.

«Чӣ натиҷае аз ин иқдом ҳосил шуданашро оянда нишон медиҳад, вале мутмаинам, ки шаҳри Кӯлоб бояд ҳатман ба хатсайри ҷумҳуриявии сайёҳӣ шомил карда шавад», – иброз дошт ӯ.

Меҳмонон аз минтақаи шимоли кишвар ҳамчунин бо корҳои омодагии шаҳри Кӯлоб ба ҷашни 700-солагии файлсауфи бузург Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва эълони шаҳри Кӯлоб ба сифати пойтахти фарҳангии кишварҳои ИДМ-2015 аз наздик ошно гардидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.