Ҳафтаи сипаришуда ВАО-и Тоҷикистон хабари пурсарусадоеро перомуни дар ИМА бо дархости Интерпол боздошт шудани шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон Парвиз Шамсиев интишор намуданд. Ӯ ва падараш Алишер Шамсиев дар азхудкунии 600 ҳазор доллари ИМА муттаҳам дониста мешуданд. Аз хешони П.Шамсиев ба идораи «Азия-Плюс» нома расид, ки дар он онҳо иттиҳоми мазкурро ғайривоқеъӣ хонда, фарзияи худро роҷеъ ба чӣ гуна сурат гирифтани ин қазия баён мекунанд.
Бино ба маълумоти онҳо, сабаби мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор гирифтани падару писар Шамсиевҳо аризаи соҳибкор Музаффар Саймуддинов, молики шабакаи мағозаҳои «Кафолат» дар Душанбе ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аст. «Муддати 22 сол Алишер Шамсиев дӯсти наздики М.Саймуддинов буд», – омадааст дар нома.
Соли 2010 Музаффар огоҳ мешавад, ки Парвиз барои таҳсил ба ИМА рафта, ӯ тасмим мегирад, ки ҳамроҳ бо ӯ дар ИМА ба тиҷорат машғул мешаванд, аз ҷумла қаҳвахонаву мағоза ва ғайра ифтитоҳ мекунанд.
Нахуст Алишер қатъиян мухолифи ин тасмим шуда, изҳор доштааст, ки писараш ҳамагӣ 18 сол дорад ва ин кор аз дасташ намеояд, вале Музаффар ӯро муътақид сохта, ваъда медиҳад, ки аз ин тиҷорат ба Алишер 50%-и даромади бадастомадаро пардохт мекунад ва пешниҳод қабул мешавад.
Сипас Музаффар бо кумаки Парвиз дар ИМА фирма ва дар бонки амрикоӣ суратҳисоб боз намуда, Парвизро ҳамдиректори худ дар фирма таъин мекунад.
Баъдан чизи асосӣ. Санаи 4 феврали соли 2011 Музаффар тариқи Ориёнбанк дар шаҳри Душанбе ба номи худ дар бонки ИМА дар ҳаҷми 350 ҳазор доллари ИМА маблағ интиқол медиҳад. Санаи 5 сентябри соли 2011 бошад, ӯ ба он ҷо боз 130 ҳазору 146 доллари ИМА равона мекунад.
Дар ҳамин ҳол, дар аризаи интиқоли пул муқобили банди «таъини пардохти маблағ» Музаффар Саймуддинов «барои таҳсил дар мактаби тиҷорат ва иҷораи манзил»-ро ишора мекунад. Дар ин ариза Пардохткунанда ва Қабулкунанда як шахс аст – Музаффар.
Баъдан Парвиз бо супориши шахсии Музафар бо пулҳои ирсолшуда дар шаҳри Солт-Лейксити бо номи «Bobo-jonmart» мағоза ва сипас дар шаҳри Вашингтон нуқтаи шустушӯи мошинҳоро боз мекунад. Барои роҳандозии тиҷорати муштарак таҷҳизоту ашё харида шуда, кормандон киро шуда буданд ва ба онҳо музди меҳнат дода шуда, ҳамчунин андозҳо ва ғайра пардохт мешуданд.
Аммо дар ниҳояти кор тиҷорат бебарор сурат гирифта, танҳо зиён меоварад. Ахири соли 2012 тиҷорати онҳо ба муфлисӣ дучор мегардад. «Ҳайратовар мебуд, агар навраси 18-сола аз уҳдаи ин кор мебаромад», – изҳор мекунанд хешону наздикони Парвиз.
Аммо М.Саймуддинов дигар илоҷе наёфта, ба дӯсти наздики худ «дармеафтад». Бо истифода аз робитаҳои худ дар доираҳои воломақоми Тоҷикистон (ӯ ҳеҷ гоҳ номи пуштибонҳои худро аз касе пинҳон намедошт), ӯ ба таҳдиди Алишер ва писари ӯ оғоз намуда, онҳоро ба навиштани забонхатҳо маҷбур месозад. Баъдан боз бо истифода аз ин робитаҳо, Музаффар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро муътақид карда тавонист, ки «қаллобе» вуҷуд дораду гӯё 600 ҳазор доллари ӯро «дуздидааст».
«Ҳар касе ҳам медонад, ки масъулияти муваффақӣ ё нокомии ҳама гуна тиҷорат ба дӯши ҳамаи иштирокчиёни он вогузор мегардад, аз ҷумла ба дӯши Музаффар низ. Ва инро ба ҳеҷ гунае наметавон қаллобӣ номид, ки аз ҷониби Музаффар ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи аз ҷониби ӯ ба гумроҳӣ андохта мегӯянд. Дар навбати худ онҳо маълумоти носаҳеҳро ба Интерпол пешниҳод кардаанд. Интерпол ба туҳмати Музаффар бовар карда, дар ҳолати ногувор монд. – менависанд хешони Парвиз. – Ному насаби чанде аз мансабдороне, ки ба ин қазия ҷалб шудаанд, ба мо маълум аст, вале алҳол бинобар сабаби дар даст надоштани далелҳои бебаҳс, мо ҳуқуқ надорем, ки онро ифшо созем. Вале ҳақиқат он аст, ки ин пулҳо дар дасти Алишеру писари ӯ нестанду буда ҳам наметавонанд. Ҳар як шахси солимфикр мефаҳмад, ки бо доштани ҳадди ақал нисфи ин маблағ дар даст, метавон ба таври қонунӣ аз ин вазъ роҳи раҳоӣ пайдо намуд. Қаллоби воқеъиро ҳеҷ гоҳ таҳдид кардану гузашта аз ин, аз ӯ забонхат гирифтан муяссар намегардид».
«Бар асари ин қазия аз ҳама бештар Парвиз осеб дид, ки барои тоҷири ноком Музаффар Саймуддинов ва падари зудбовари худ, аз таҳсил дар ИМА маҳрум шуда, мақоми будубоши қонунӣ дар ин кишварро аз даст дод ва айни замон дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и хадамоти муҳоҷирати ИМА қарор дошта, аз нигоҳи равонӣ шадидан азият мекашад», – илова мекунанд наздикони Шамсиев.
Дар паснависи нома зикр мегардад, ки нусхаҳои асли ҳуҷчатҳое, ки дар нома ба онҳо истинод оварда мешавад, дар қаламрави Русия ва ҳамчунин мақомоти ваколатдори ИМА ва Ориёнбонк дар Душанбе маҳфуз мебошанд.
Мо ба қабул ва нашри далелҳои тарафи дигари қазия омодаем.




