Маскав: Ҳукми зиндон ба се нашъаҷаллоб аз Тоҷикистон

Суди Останикинои шаҳри Маскав оид ба парвандаи ҷиноӣ нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон – Сафаралӣ Раҷабови 26-сола, Алихон Икромови 21-сола ва Бобоҷон Юлдошеви 24-сола ҳукм содир намуд. Нашрияи Москва инфо дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки Раҷабов, Икромов ва Юлдошев дар ҳайати гурӯҳи фурӯшандагони маводи мухаддир тариқи ба пинҳонгоҳҳо гузоштани героин, ба фурӯш ва паҳн кардани он […]

ASIA-Plus



Суди Останикинои шаҳри Маскав оид ба парвандаи ҷиноӣ нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон – Сафаралӣ Раҷабови 26-сола, Алихон Икромови 21-сола ва Бобоҷон Юлдошеви 24-сола ҳукм содир намуд.

Нашрияи

Москва инфо

дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки Раҷабов, Икромов ва Юлдошев дар ҳайати гурӯҳи фурӯшандагони маводи мухаддир тариқи ба пинҳонгоҳҳо гузоштани героин, ба фурӯш ва паҳн кардани он машғул будаанд.

Гуфта мешавад, санаи 9 апрели соли гузашта номбаршудагон боздошт гардида, аз онҳо беш аз 2,5 кило маводи мухаддири героини барои фурӯш омодашуда мусодира шудааст.

Нашрия менависад, ғайр аз ин, Раҷабов ҳамроҳ бо дигар аъзои гурӯҳи муташаккил, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати онҳо дар истеҳсолоти ҷудогона қарор дода шудааст, ғайриқонунӣ миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддирро барои фурӯш омода кардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки суд Раҷабовро ба 13 соли зиндон ва Икромову Юлдошев ҳар кадомеро ба 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.