Сариев: Кишварҳои поёноб захираҳои обии Тоҷикистону Қирғизистонро ҷуброн намекунанд

Зимни суханронии имрӯза дар Конфронси сатҳи баланд оид ба натиҷагирии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 дар Душанбе нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев изҳор намуд, ки кишвари ӯ ва Тоҷикистон ба зиёни худ барои захираҳои обиашон, ки ба кишварҳои поёноб медиҳанд, ҷуброн намегиранд. Ба гуфтаи ӯ, Конвенсияҳои СММ ҳамеша аз ҷониби кишварҳои поёноби минтақаи Осиёи […]

Аваз Юлдошев



Зимни суханронии имрӯза дар Конфронси сатҳи баланд оид ба натиҷагирии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 дар Душанбе нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев изҳор намуд, ки кишвари ӯ ва Тоҷикистон ба зиёни худ барои захираҳои обиашон, ки ба кишварҳои поёноб медиҳанд, ҷуброн намегиранд.

Ба гуфтаи ӯ, Конвенсияҳои СММ ҳамеша аз ҷониби кишварҳои поёноби минтақаи Осиёи Марказӣ аз нигоҳи сиёсӣ ба нафъи худашон шарҳ дода мешаванд.

«Дар мавсими зимистон Қирғизистон аз ҳисоби ҷорӣ кардани маҳдудияти истифолаи нерӯи барқ ба аҳолии кишвар, барои эҳтиёҷоти мавсими тобистони кишоварзони кишварҳои поёноб дар нерӯгоҳи Токтогул обро захира мекунад, вале дар ивазаш чизе намегирад», – иброз дошт нахуствазири кишвари ҳамсоя.

Сариев таъкид дошт, ки созишномаи баимзорасида миёни Қирғизистону Қазоқистон дар бораи истифодаи муштараки дарёҳои фаромарзӣ метавонад ба сифати як модули ҳамкориҳои кишварҳои минтақа хизмат кунад.

«Созишномаи зикршуда манфиатҳои ҳам Қирғизистону ҳам Қазоқистонро ба инобат мегирад», – афзуд нахуствазири Қирғизистон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.