Ҳалокати 3 хоҳарон аз зарбаи раъду барқ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Бар асари зарбаи раъду барқ се нафар сокинони ноҳияи Рӯдакӣ – хоҳарон Нигина Саидоваи 28-сола ва Марҳабо Саидоваи 17-сола дар ҷойи ҳодиса ва Мавлуда Саидоваи 23-сола баъдтар дар бемористон ба ҳалокат расиданд. Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 8 июн дар деҳаи […]

Аваз Юлдошев



Бар асари зарбаи раъду барқ се нафар сокинони ноҳияи Рӯдакӣ – хоҳарон Нигина Саидоваи 28-сола ва Марҳабо Саидоваи 17-сола дар ҷойи ҳодиса ва Мавлуда Саидоваи 23-сола баъдтар дар бемористон ба ҳалокат расиданд.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 8 июн дар деҳаи Тоҷикободи ҷамоати Зайнабобод рух додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми зарбаи раъду барқ ҳар се нафар хоҳарон дар ҳавлии манзили зисташон қарор доштаанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки рӯзи 8 июн бар асари лағжиши хоку гил дар ноҳияи Ёвон духтари 7-сола фавтидааст, ки бо ҳамсолаш зери теппа бозӣ доштааст. «Наҷоти яке аз духтарон муясссар шуда, духтари дигар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид», – гуфт манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.