Рӯзи 11 июни соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерер дидору гуфтушунид кард.
Бинo ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба сатҳи кунунӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва бахусус иҷрои тарҳҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



