Раиси Хуҷанд ба аёдати оилаи наваскари ҳалокшуда рафт



Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода чанде қабл ба аёдати оилаи сарбози дар қисми низомии 04080-и дар шаҳри Конибодом фавтида, сокини шаҳри Хуҷанд Фирдавс Раҳматов рафта изҳори ҳамдардӣ кард ва ба оилаи онҳо маводи хӯрока дастрас намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорииХуҷанд, ҳамон рӯз раиси шаҳри Хуҷанд ба хабаргирии боз се оилаи ниёзманди шаҳр – оилаҳои Ҳасанов Бӯрибой,  Дадобоев Пӯлодҷон ва Ҳабибова Қумрӣ низ рафт, ки рӯзи шанбеи сипаришуда барои гирифтани кӯмак ба раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуда буданд.

Гуфта мешавад, ба ҳамаи аёдатшудагон  кӯмаки яквақта иборат аз маводи хӯрока расонида шуда, ҳангоми аёдат собиқадорони меҳнат Бӯрибой Ҳасанов ва Қумрӣ Ҳабибова аз Раҷаббой Аҳмадзода хоҳиш намуданд, ки барои бозбинии маблағи нафақааш ва дарёфти ҷойи кори муносиб барои фарзандонашон мусоидат намояд.

Зимнан зикр мегардад, ки раиси шаҳр ба масъулини ҳифзи иҷтимоӣ ва меҳнат супориш  дод, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин барои ҳалли масалаи пешниҳодшуда чора андешанд.

spot_imgspot_img

Популярное