Аҳзоби сиёсӣ ба нашри маълумот оид ба даромадҳои худ дар ВАО уҳдадор мешаванд

Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон, имрӯз 17 июн вакилон аз тағйироту иловаи аз тарафи ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҷонибдорӣ намуданд. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод қайд кард, ки тағйироту иловаи мазкур ба пурзӯр шудани назорати ҳукумат аз болои даромадҳои аҳзоби сиёсии кишвар […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон, имрӯз 17 июн вакилон аз тағйироту иловаи аз тарафи ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҷонибдорӣ намуданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод қайд кард, ки тағйироту иловаи мазкур ба пурзӯр шудани назорати ҳукумат аз болои даромадҳои аҳзоби сиёсии кишвар нигаронида шудаанд.

«Назорат ба хотири пешгирии муомилоти коррупсионӣ, маблағгузорӣ ба терроризм ва пулшӯйии даромадҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада пурзӯр мешавад», – гуфт вазир.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки қабули тағйироту илова маънои онро надорад, ки мақомоти дахлдори давлатӣ мунтазам сарчашмаҳои маблағгузории аҳзоби сиёсиро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

«Дар тағйироту иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҳамасола то 20 март ба нашри маълумот дар бораи даромадҳои солонаи худ дар ВАО уҳдадор мешаванд», – зикр кард вазир.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид дошт, ки саҳеҳияти маълумоти мазкур аз ҷониби мақомоти марбута санҷида мешавад.

Зимни суханронӣ пеомуни ин масъала раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, вакили парлумон Саидҷаъфар Исмонов изҳор кард, ки дар назари аввал тағйироту иловаҳои мазкур барои аҳзоби сиёсӣ ташвишҳои иловагӣ ба бор меоваранд. «Лекин агар онҳо барои таъмину сулҳу субот дар сарзамини мо равона шуда бошанд, мо онҳоро дастгирӣ мекунем», – гуфт С.Исмонов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?