Ҳабси яке аз фаъолзанони «Гурӯҳи 24» дар Беларус



Ба яке аз фаъолзанони ҳаракати «Гурӯҳи 24», ки аз ҷониби Тоҷикистон тариқи Интерпол мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст, истирдод ба ватан таҳдид мекунад.

Рӯзи 15 июн зимни убури марзи Русия ва Беларус шаҳрванди Тоҷикистон Шабнам Худойдодова ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора дар

блоги Надежда Атоева

, президенти Иттиҳодияи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» хабар дода мешавад.

Бино ба маълумоти ин блог, Худойдодова Шабнам Хайруллоевна санаи 20 декабри соли 1986 дар шаҳри Кӯлоби ҶШС Тоҷикистон ба дунё омада, соҳиби духтари ноболиғ аст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ фаъолона аз афкори интиқодии мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, зарурати ислоҳоти демократӣ дар ватанашро таъкид месохт. Мувофиқи имкон Худойдодова дар аксияҳои гуманитарӣ ба хотири дастгирии муҳоҷирони кории тоҷик низ иштирок мекард.

Дар идома қайд мешавад, ки аз рӯзи ба ҳабс гирифта шудан Шабнам дар тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Брест нигаҳдорӣ мешавад. Ӯ бо дархости Тоҷикистон боздошт шудааст, зеро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 37 (Ҷавобгарии шарикони ҷиноят)-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбдор карда мешавад.

Шабнам Худойдодова пас аз истирдоди Мақсуд Иброҳим, пешво ва муассиси созмони «Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон», узви роҳбарияти нерӯҳои мухолифини «Тоҷикистони нав», ки «Гурӯҳи 24» низ ба он шомил аст, мавриди ҷустуҷӯ эълон шуд.

«Моҳи январи соли 2015 дар манзили Шабнам Худойдодова кофтуков гузаронида шуда, модар ва шахсонеро, ки ӯ дар Тоҷикистон бо онҳо муносибат дошт, бозпурсӣ карданд. Солҳои ахир Шабнам Худойдодова дар Русия иқомат дошт. Чанде қабл ӯ огоҳ гардид, ки дар Русия ба рабуданаш омодагӣ мегиранд. Ин ташвишҳо асос доранд: соли ахир ҷонибдорони «Гурӯҳи 24»-ро чандин маротиба рабуда, пешвои он Умаралӣ Қувватов дар Истамбул кушта шуд», – зикр мегардад дар блоги ҳомии ҳуқуқ.

Моҳи октябри соли 2014 Тоҷикистон «Гурӯҳи 24»-ро ифротгаро эъон кард. Санаи 12 июни соли 2015 Худойдодова ба Беларус раҳсипор шуд, то ки ба дафтари кории Раёсати Комиссари Олӣ оид ба гурезагони СММ барои дарёфти мақоми гуреза муроҷиат кунад.

Иттиҳодияи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» – AHRCA дар робита ба таҳдиди истирдоди Шабнам Худойдодова ба Тоҷикистон нигаронӣ изҳор мекунад. Барои ибрози назари ошкори андешаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар Тоҷикистон ба ӯ шиканҷа ва маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 20 сол таҳдид мекунад.

AHRCA ҳамчунин даъват мекунад:

– Дафтари кории Раёсати Комиссари Олӣ оид ба гурезагони СММ таъҷилан ба дидорбинии Шабнам Худойдодова рафта, аризаи ӯро мутобиқи Конвенсияи СММ дар бораи мақоми гурезандагон баррасӣ намояд;

– Ҳукумати Беларусро иҷрои шарти моддаи 3-и Конвенсияи СММ алайҳи шиканҷа дар бораи манъи истирдод ба кишваре, ки дар он ба гуреза шиканҷа таҳдид мекунад, лозим аст.

Ҳамзамон Иттиҳодияи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» гузоришгари махсуси СММ оид ба масоили шиканҷа ва созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқро аз ин қазия огоҳ кард.   

spot_imgspot_img

Популярное