Дар ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки шурӯъ аз соли 1997 ҳамасола дар Тоҷикистон аз санаи 27 июн таҷлил мегардад, сокинони ҷумҳурӣ се рӯз пайдарҳам истироҳат мекунанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи меъёрҳои қонун «Дар бораи рӯзҳои ид», агар иди расмӣ ба рӯзҳои истироҳат – шанбе ва якшанбе рост ояд, рӯзи минбаъдаи корӣ низ истироҳат элон мешавад.
Соли равон санаи 27 июн ба рӯзи шанбеи ҳафта рост меояд, аз ин рӯ, рӯзи минбаъдаи корӣ – 29 июн низ истироҳат эълон шуда, ҳамин тариқ, сокинони кишвар се рӯз пайдарҳам – 27, 28 ва 29 июн истироҳат мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пешвои Иттиҳоди нерӯҳои мухолифиани тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоиятро ба имзо расониданд, ки ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ хотима гузошт.



