Бародари Муҳиддин Кабириро ба тарки сафҳои ҲНИТ маҷбур мекунанд?

Сафар Кабиров, бародари раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ иттилоъ медиҳад, ки ӯро чандин маротиба ба мақомоти интизомӣ даъват карда, талаб кардаанд, ки аз сафҳои ҳизб хориҷ шавад. Аз ҲНИТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ҳамин ҳол, ба ӯ гуфтаанд, бояд дар бораи падари пири 90-солааш фикру андеша кунад, ки […]

ASIA-Plus



Сафар Кабиров, бародари раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ иттилоъ медиҳад, ки ӯро чандин маротиба ба мақомоти интизомӣ даъват карда, талаб кардаанд, ки аз сафҳои ҳизб хориҷ шавад.

Аз ҲНИТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ҳамин ҳол, ба ӯ гуфтаанд, бояд дар бораи падари пири 90-солааш фикру андеша кунад, ки якчанд бемории сактаи дилро паси сар намудааст.

«Албатта, фикру андешаии падарро доштан дар ин синнусол қарзи ҳар як шахс аст», – гуфтанд дар ҲНИТ ва илова намуданд, ки агар С.Кабиров аз сафҳои ҳизб хориҷ шавад, онҳо ин амали ӯро дарк хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, худи Сафар Кабиров аз шарҳи ин масъал худдорӣ варзида, қайд кард, ки айни замон ӯ дудила буда, сари як қарори мушаххасе наомадааст, ки минбаъд чӣ гуна амал кунад.

Зимнан зикр мегардад, ки роҳбарони бахшҳои ҲНИТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт – Абдумалик Салимов ва Ҳабибхон Неъматов имрӯз ба Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД даъват шуда, дар ин мавридҳо низ мавзӯи суҳбат водоркунӣ ба тарки сафҳои ҳизб будааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии ҶТ ин маълумоти ҲНИТ-ро рад мекунад. Котиби матбуотии ВКД ҶТ Ҷалолиддин Садриддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вазорат оид ба касеро аз ҷониби касе маҷбур кардан ба тарки сафҳои кадом як ҳизб маълумот вуҷуд надорад.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.