Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Хуҷанд маҳдуд шуд

Бинобар сабаби оғози корҳои бозсозӣ дар нақби «Истиқлол», шурӯъ аз имрӯз ҳаракати нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд маҳдуд карда шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар дод, аз 22 июн то 31 октябр равуои нақлиёт дар қитъаи мазкур аз соати 6-и субҳ то 22-и шаб тавассути ағбаи Анзоб сурат […]

Аваз Юлдошев



Бинобар сабаби оғози корҳои бозсозӣ дар нақби «Истиқлол», шурӯъ аз имрӯз ҳаракати нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд маҳдуд карда шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар дод, аз 22 июн то 31 октябр равуои нақлиёт дар қитъаи мазкур аз соати 6-и субҳ то 22-и шаб тавассути ағбаи Анзоб сурат мегирад. «Аз 22 июн то 31 октябр ба ҳаракати нақлиёт тавассути нақби «Истиқлол» аз соати 22-и шаб  то 6-и субҳ иҷозат дода мешавад», – гуфт манбаъ.

Нимаи моҳи май дар ин робита зикр гардида буд, ки

эҳтимоли баста шудани нақби мошингарди «Истиқлол»

, ки маркази ҷумҳуриро бо минтақи шимоли кишвар мепайвандад, хеле ночиз аст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор 10 млн. $ маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, 7,8 млн. $ – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 21,2 млн. $ – қарзи ҷониби Эрон буд. Ҳарчанд маросими ба истифода додани он ҳанӯз соли 2006 доир гардида бошад ҳам, сохтмони он то ҳанӯз идома дорад.

Моҳи апрели соли гузашта ширкати эронии «Собир» корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро дубора барқарор кард.

Қаблан ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми 6 млн. $ иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда дар нақб ҳар кадоме 3 млн. $ маблағ ҷудо мекунанд.

Нақби «Истиқлол» дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби «Истиқлол» 5,2 километрро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.