Дафтари кории ҲНИТ дар Сарбанд ба ихтиёри газетаи шаҳрӣ дода шуд



Дафтари кории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Сарбанд ба ихтиёри газетаи шаҳрии «Нури Сарбанд» дода шуд.

Ба иттилои як манбаъ аз ҳукумати шаҳр, бо қарори раиси шаҳри Сарбанд, ҳуҷраҳои кории бахши ҲНИТ-ро ба ихтиёри газета супурдаанд. «Қарори мазкур дар асоси протоколи маҷлиси бахши шаҳрии ҲНИТ дар бораи қатъи фаъолияти бахш дар шаҳри Сарбанд қабул шуд», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони ҲНИТ тасдиқ намуданд, ки рӯзи 4 июн дар маҷлиси бахши ҳизб дар бораи қатъи фаъолият ва барҳам додани бахши ҲНИТ дар шаҳр тасмим гирифта шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное