Низом Қосим парлумонро тарк мекунад



Дар Анҷумани 14-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, имрӯз, 30-юми июн дар шаҳри Душанбе Низом Қосим, вакили Маҷлиси намоядагони Тоҷикистон раҳбари нави ин ниҳод интихоб шуд.

Дар кори Анҷуман ба ҷуз 400 нафар аъзои Иттифоқ, ҳамчунин кормандони Дастгоҳи иҷроияи президент, роҳбарони чанде аз вазорату идораҳо, намояндагони аҳли ҷомеа ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Мутобиқи Оинномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, акнун собиқ раиси ин ниҳод шоир ва драматург Меҳмон Бахтӣ, ки аз соли 2004 сари ин мансаб қарор дошт, ваколатҳои худро месупорад.

Мебояд гуфт, тибқи қонун бинобар сабаби ба ин мансаб интихоб шуданаш, ваколатҳои Низом Қосим ба сифати вакил дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон қатъ карда мешаванд.

Аз КМИР Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Низом Қосим аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҳизбии ҲХДТ вакил интихоб шуда, ба ҷойи ӯ бидуни баргузории интихоботи нав номзади минбаъда вакил таъин мешавад, ки ин шахс аъзои ҲХДТ Миралӣ Достиев, директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ мебошад. 

spot_imgspot_img

Популярное