Мақомоти гумруки фурудгоҳи шаҳри Екатеринбурги Русия 4 кенгуруи раҳсипор ба боғи ҳайвоноти Душанберо боздошт намудааст.
Бино ба иттилои чанде аз васоити ахбори умуми Русия, ин ҳайвонҳои экзотикиро дар пайи дуруст таҳия нашудани санадҳо аз парвоз боздоштаанд. «Барои кенгуруҳо маълумотнома ҷиҳати иҷозаи вуруд ба қаламрави Иттиҳоди гумрукӣ пешниҳод нашуд, – гуфтааст Марина Гузикова, котиби матбуотии гуруки фурудгоҳи «Колсово»-и ин шаҳр.
Дар ҳамин ҳол,
радиои «Озодӣ»
дар ин робита менависад, масъули боғи вуҳуши шаҳри Ҳлубока Над Влтавоуи Чехия Иван Кубат, ки ҳамроҳ бо ин ҷонварони нодир бо ҳавопаймои Прага-Екатеринбург-Душанбе ба роҳ баромадааст, ин хабарро “нодуруст ва ғайривоқеӣ” хонда, гуфтааст, ҳама санадҳои зарурӣ барои интиқоли ҷонварон ба Тоҷикистон таҳия шудааст ва ҳеҷ мушкиле дар ин масъала вуҷуд надорад.
Гуфта мешавад, феълан ӯву ҷонварон дар фурудгоҳи Екатеринбург қарор доранд ва шоми имрӯз ба самти Душанбе парвоз хоҳанд кард.



