Мусодираи беш аз 270 кило маводи мухаддир дар марз бо Афғонистон



Ахири ҳафтаи сипаришуда марзбонони тоҷик аз интиқоли миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир ба ҷумҳурӣ аз кишвари ҳамсояи Афғонистон ҷилавгирӣ намуданд.

Аз маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ин робита иттилоъ доданд, ки шаби 5 ба 6 июл соати 01:00 шаб дар асоси маълумотҳои фаврӣ наряди сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи фаврии РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар яке аз дидбонгоҳҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон иборат аз 10-13  нафарро зимни убури ғайриқонунии хати сарҳад мебинанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ шудан, байни сарҳадбонон ва қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрди дарозмуддат  ба вуқӯъ омада, сарҳадбонони тоҷик муқовимати шадид нишон додааанд.

«Дар натиҷа чанд нафар аз қочоқчиён захмӣ ва ду нафар кушта шуда, боқимонда бо истифода аз торикии шаб  тариқи қамишзор ба тарафи Афғонистон ақибнишинӣ карданд», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса зиёда аз 270 кг маводи мухаддири  чарс мусодира ва  ду ҷасади қочоқчии 35-40-солаи афғон дарёфт шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон аз тарафи мақомотҳои дахлдори КДАМ ҶТ оид ба ҳодисаи мазкур  тафтишот ва корҳои фаврӣ идома доранд.

spot_imgspot_img

Популярное