«Гармои арабӣ» ба Тоҷикистон наздик мешавад



Муассисаи обуҳавошиносии ҷумҳурӣ гармии беҳад зиёд дар Тоҷикистон рӯзҳои 12-15 июлро пешгӯӣ мекунад.

Аз Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ин рӯзҳо баъзан ҳарорат то ба 45 дараҷа гармӣ мерасад. Ҳарорати беҳад зиёди гармӣ бештар дар вилояти Хатлон эҳсос хоҳад шуд.

Бино ба гуфтаи мутахассисон, ҳавои атмосферии гарм, ки аз нимҷазираи Арабистон наздик мешавад, ба гармии тоқатфарсо дар ҷумҳурӣ боис мегардад. Обуҳавошиносон «гармои арабӣ» ба он ном гузоштаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта низ Муассисаи обуҳавошиносии Тоҷикистон аз беҳад гарм шудани обуҳаво дар Тоҷикистон

хабар дода буд.

Зикр гардида буд, ки аз 1 июл ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ 7-12 дараҷа боло рафта, аз 1 то 5 июл дар кишвар обуҳавои софу хушк ва беҳад гарм дар назар аст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита бо яку якбора баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ

бо интишори як зумра тавсияҳо

аз мардум хост, онҳоро тӯли тамоми давраи гармо риоя намоянд.

spot_imgspot_img

Популярное