Нигаронии прокурори Хатлон аз афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ



Зимни нишасти хабарии имрӯза прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудов аз афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ дар қаламрави вилоят нигаронӣ изҳор намуд.

«Ман ҳамчун прокурори вилоят аз афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ дар вилоят (8 ҳодиса бештар нисбат ба нимсолаи аввали соли 2014) дар ташвишам. Дар ҳамин ҳол, синни афроде, ки ба худкушӣ даст мезананд, дар муқоиса бо соли гузашта хеле ҷавонтар шудааст. Аз 87 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба он 31-тоаш аз ҷониби ноблиғон содир шудааст», – иброз дошт прокурори вилоят.

Ба гуфтаи ӯ, нисбат ба 7 ҳодиса аз рӯи далели то худкушӣ оварда расонидан парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, ба баррасии суд ирсол гардидаанд ва таҳқиқи пешакии парвандаҳои ҷиноии боқимонда идома дорад.

«Ояндаи наздик масъалаи мазкурро мо дар ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят баррасӣ карданием,то сабабҳои афзоиши чунин ҳодисаҳо ва роҳандозии тадбирҳои пешгирии онҳоро дарёбем», – афзуд прокурор.

spot_imgspot_img

Популярное