Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ аз ҳодисаҳои рӯзҳои ахири даст ба худкушӣ задани занон дар ҷумҳурӣ нигаронӣ изҳор намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо занони назди ҳукумати ҶТ, зимни суханронӣ
дар семинар-машварат
дар ҳамин мавзӯъ муовини сарвазир аз иштирокдорони машварат дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон вогузоршуда талаб намуд, ки масъулиятро ба ӯҳда гирифта, муносибати ҷиддӣ намоянд ва оид ба масъалаҳои ба миён омада чораҳои мушшахас андешанд.
Ӯ бар ин назар аст, ки пушти ҳар як ҳодисаи худкушии занон чандин масъалаҳои иҷтимоӣ ниҳон мемонанд. «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои як мушкилоти ночиз, вақте ки зан-модар даст ба худкушӣ мезанад, ин нанговартарин гуноҳ мебошад ва мову шумо бояд корҳоеро ба анҷом бирасонем, ки решаи ҳамин нофаҳмиҳо ва омилҳои худкушӣ ва ё ба худкушӣ оварда расониданро ёфта барорем», – гуфтааст ӯ.
Зимни машварат ҳамчунин қайд шудааст, ки ҳарчанд ҳолати ногувори ҳодисаҳои худкушӣ дар байни занон тамоюли пастравиро ба худ касб карда бошад ҳам, вале то ҳол ташвишовар боқӣ мемонад.



