Суди олии иқтисодӣ шикояти ширкати «Созидание»-ро қонеъ накард

Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти кассатсионии ҶДММ «Созидание» – молики меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва Маркази тиҷоратии дараҷаи А «Созидание» дар Душанберо қонеъ накард. Раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Наим Мансурзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки акнун ширкат уҳдадор аст, ки қарзҳо аз андоз, ҷарима ва фоизҳо дар ҳаҷми […]

Мавзуна Абдуллоева



Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти кассатсионии ҶДММ «Созидание» – молики меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва Маркази тиҷоратии дараҷаи А «Созидание» дар Душанберо қонеъ накард.

Раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Наим Мансурзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки акнун ширкат уҳдадор аст, ки қарзҳо аз андоз, ҷарима ва фоизҳо дар ҳаҷми беш аз 322 млн. сомонӣ (ҳудуди 60 млн. $)-ро пардохт намояд.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон ҶДММ «Созидание» тамоми паҳлӯҳои ин масъаларо бо Кумитаи андоз мувофиқа мекунад. «Шикоят ба суди байнулмилалӣ ҳуқуқи конститутсионии ҳама шахсони воқеъиву ҳуқуқӣ аст, вале то он дам гузаштнаи тамоми марҳилаҳои суди дохилӣ зарур мебошад», – афзуд номбурда.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки ахири моҳи январ аз ҷониби раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд, КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО)

қарзҳои ҶДММ«Созидание» аз андоз, ҷарима ва фоизҳо

дар ҳаҷми беш аз 322 млн. сомонӣ (ҳудуди 60 млн. $)-ро бояд пардохт намояд.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ва ширкати алюминии «Русал»-и Русия оид ба даст кашидан аз даъвоҳои мутақобила

тавофуқ ҳосил карданд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки соли 2013 Кумитаи андоз маблағи зиёди қарз аз андози ҶДММ «Созидание» – молики меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency Dushanbe ва Маркази тиҷоратии дараҷаи А «Созидание» дар Душанберо ошкор намуд.

Суди олии иқтисодии Тоҷикистон шикояти кассатсионии ҶДММ «Созидание» аз болои қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар бораи маҷбуран рӯёнидани қарзҳо аз андоз дар ҳаҷми 67 млн. $-ро 

қонеъ накард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.