М.Ҷабборӣ: Пушти ҳар як худкушии занон масъалаҳои иҷтимоӣ ниҳон аст

Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ аз ҳодисаҳои рӯзҳои ахири даст ба худкушӣ задани занон дар ҷумҳурӣ нигаронӣ изҳор намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо занони назди ҳукумати ҶТ, зимни суханронӣ дар семинар-машварат дар ҳамин мавзӯъ муовини сарвазир аз иштирокдорони машварат дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон вогузоршуда талаб намуд, ки масъулиятро ба […]

ASIA-Plus



Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ аз ҳодисаҳои рӯзҳои ахири даст ба худкушӣ задани занон дар ҷумҳурӣ нигаронӣ изҳор намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо занони назди ҳукумати ҶТ, зимни суханронӣ

дар семинар-машварат

дар ҳамин мавзӯъ муовини сарвазир аз иштирокдорони машварат дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон вогузоршуда талаб намуд, ки масъулиятро ба ӯҳда гирифта, муносибати ҷиддӣ намоянд ва оид ба масъалаҳои ба миён омада чораҳои мушшахас андешанд.

Ӯ бар ин назар аст, ки пушти ҳар як ҳодисаи худкушии занон чандин масъалаҳои иҷтимоӣ ниҳон мемонанд. «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои як мушкилоти ночиз, вақте ки зан-модар даст ба худкушӣ мезанад, ин нанговартарин гуноҳ мебошад ва мову шумо бояд корҳоеро ба анҷом бирасонем, ки решаи ҳамин нофаҳмиҳо ва омилҳои худкушӣ ва ё ба худкушӣ оварда расониданро ёфта барорем», – гуфтааст ӯ.

Зимни машварат ҳамчунин қайд шудааст, ки ҳарчанд ҳолати ногувори ҳодисаҳои худкушӣ дар байни занон тамоюли пастравиро ба худ касб карда бошад ҳам, вале то ҳол ташвишовар боқӣ мемонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.