Дар қатли Сумайя Раҳматова, духтари 14-солаи тоҷик рӯзи 28 март дар Қоҳира, ки ҳамроҳи модар ва се бародараш дар пойтахти Миср иқомат дошт, тағояш гумонбари асосӣ дониста мешавад.
Аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Миср ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба гумони даст доштан дар куштори барқасдона тағои Сумайя боздошт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, бо мусоидати сафорат ҷасади духтар ба Тоҷикистон фиристода шуда, модараш ва се нафар кӯдакони дигари ин хонавода низ феълан дар Тоҷикистон қарор доштаанд.
«Мақомоти салоҳиятдори Миср таҳқиқи ин ҳодисаро идома дода, намояндагони сафорат дар ҳамаи мурофиаҳои судӣ ҳузур доранд», – изҳор дошт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, оид ба чӣ гуна айбнома пешниҳод шудан ба гумонбар аз ҷониби мақомоти тафтишоти Қоҳира манбаъ аз пешниҳоди маълумоти саҳеҳ худдорӣ варзид. Ҳамчунин аз ному насаби гумонбар ва ҷузъиёти дигари ҳодиса низ маълумот дастрас нагардид.
Ёдрас мекунем, ки он замон сардори департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс»
дар ин робита иттилоъ дода буд
, ки зодаи Душанбе Сумайя Раҳматова рӯзи 28 март барои харидории шириниҳо аз мағозаи назди манзили зисташон аз модараш иҷозат пурсида, аммо ба гуфтаи модараш, агар ӯ ҳамеша баъди гузашти 10-15 дақиқа аз мағоза бармегаштааст, ин дафъа аз он ҷо баъди 2 соат баргаштааст.
«Тамоми сарулибоси ӯ ба хун олуда буд. Духтар сухане ба забон оварда натавониста, гиря мекардааст ва ҳамеша бо ангуштонаш рақами «се»-ро нишон медодааст. Пас аз гузашти 20 дақиқаи ба манзил расидан ӯ дар дастони модараш ҷон додааст», – иброз дошта буд ӯ.



