Дар қатли духтари 14-солаи тоҷик дар Миср тағояш гумонбари асосӣ дониста мешавад

Дар қатли Сумайя Раҳматова, духтари 14-солаи тоҷик рӯзи 28 март дар Қоҳира, ки ҳамроҳи модар ва се бародараш дар пойтахти Миср иқомат дошт, тағояш гумонбари асосӣ дониста мешавад. Аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Миср ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба гумони даст доштан дар куштори барқасдона тағои Сумайя боздошт шудааст. Ба иттилои […]

Меҳрангез Турсунзода



Дар қатли Сумайя Раҳматова, духтари 14-солаи тоҷик рӯзи 28 март дар Қоҳира, ки ҳамроҳи модар ва се бародараш дар пойтахти Миср иқомат дошт, тағояш гумонбари асосӣ дониста мешавад.

Аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Миср ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба гумони даст доштан дар куштори барқасдона тағои Сумайя боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, бо мусоидати сафорат ҷасади духтар ба Тоҷикистон фиристода шуда, модараш ва се нафар кӯдакони дигари ин хонавода низ феълан дар Тоҷикистон қарор доштаанд.

«Мақомоти салоҳиятдори Миср таҳқиқи ин ҳодисаро идома дода, намояндагони сафорат дар ҳамаи мурофиаҳои судӣ ҳузур доранд», – изҳор дошт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, оид ба чӣ гуна айбнома пешниҳод шудан ба гумонбар аз ҷониби мақомоти тафтишоти Қоҳира манбаъ аз пешниҳоди маълумоти саҳеҳ худдорӣ варзид. Ҳамчунин аз ному насаби гумонбар ва ҷузъиёти дигари ҳодиса низ маълумот дастрас нагардид.

Ёдрас мекунем, ки он замон сардори департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс»

дар ин робита иттилоъ дода буд

, ки зодаи Душанбе Сумайя Раҳматова рӯзи 28 март барои харидории шириниҳо аз мағозаи назди манзили зисташон аз модараш иҷозат пурсида, аммо ба гуфтаи модараш, агар ӯ ҳамеша баъди гузашти 10-15 дақиқа аз мағоза бармегаштааст, ин дафъа аз он ҷо баъди 2 соат баргаштааст.

«Тамоми сарулибоси ӯ ба хун олуда буд. Духтар сухане ба забон оварда натавониста, гиря мекардааст ва ҳамеша бо ангуштонаш рақами «се»-ро нишон медодааст. Пас аз гузашти 20 дақиқаи ба манзил расидан ӯ дар дастони модараш ҷон додааст», – иброз дошта буд ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.