Бар асари мушкили фаннӣ ҳавопаймо ба Бишкек парвоз накард

Бар асари пайдо шудани мушкилоти фаннӣ дар ҳавопаймои навъи «Боинг»-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», имрӯз бо хатсайри Душанбе – Бишкек парвоз сурат нагирифт. Мусофирони ин хатсайр акнун танҳо ҳафтаи оянда ба Бишкек парвоз карда метавонанд. Мусофирони пурғазаби ин хатсайр имрӯз ба идораи «Азия-Плюс» занг зада, дар ин робита изҳор доштанд, ки нахуст ба мусофирони дар […]

Меҳрангез Турсунзода



Бар асари пайдо шудани мушкилоти фаннӣ дар ҳавопаймои навъи «Боинг»-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», имрӯз бо хатсайри Душанбе – Бишкек парвоз сурат нагирифт. Мусофирони ин хатсайр акнун танҳо ҳафтаи оянда ба Бишкек парвоз карда метавонанд.

Мусофирони пурғазаби ин хатсайр имрӯз ба идораи «Азия-Плюс» занг зада, дар ин робита изҳор доштанд, ки нахуст ба мусофирони дар фурудгоҳ ҳозиршуда эълон кардаанд, ки парвози ҳавопаймо мутаваққиф мешавад, вале баъди гузашти 2 соат дар бораи комилан сурат нагирифтани парвоз тариқи ин хатсайр эълон кардаанд.

Иҷрокунандаи вазифаи котиби матбуотии ширкати «Тоҷик Эйр» Мунаввар Муллочаев дар шарҳи ин қазия ба Азия-Плюс» гуфт, бар асари пайдо шудани мушкилоти техникӣ ҳавопаймо ба Бишкек парвоз карда натавонист.

Ба гуфтаи ӯ, аз 43 мусофири хатсайр 22 нафарашон билетҳоро баргардонида, пулҳояшонро бозпас гирифтаанд.

«Ба 11 мусофири дигар мо пагоҳ парвоз тариқи хатсайри Душанбе-Алмааторо пешниҳод кардем. Ширкат ба пардохти маблағи билети қатора аз Алмаато ба Бишкек аз ҳисоби худ омода аст. Агар мусофирони боқимонда ба ин пешниҳод розӣ набошанд, пас парвози минбаъда тариқи хатсайри Душанбе – Бишкек ҳафтаи оянда сурат мегирад», – афзуд ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.