Раиси Иттиҳоди журналистон протоколи пурсарусадоро шарҳ дод

Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) Акбаралӣ Сатторов изҳор дошт, ки мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон дар бораи ВАО, сарфи назар аз кадом корхонаву ташкилотро намояндагӣ кардани журналист, ҳамаи мақомоти давлатӣ ва роҳбарони он ба пешниҳоди маълумот ба дархости журналист оид ба фаъолияти сохтори худ уҳдадоранд. Дар шарҳи протокали пурсарусадо оид ба минбаъд дастрасии журналистон ба маълумоти расмӣ […]

Мавзуна Абдуллоева



Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) Акбаралӣ Сатторов изҳор дошт, ки мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон дар бораи ВАО, сарфи назар аз кадом корхонаву ташкилотро намояндагӣ кардани журналист, ҳамаи мақомоти давлатӣ ва роҳбарони он ба пешниҳоди маълумот ба дархости журналист оид ба фаъолияти сохтори худ уҳдадоранд.

Дар шарҳи протокали пурсарусадо оид ба минбаъд дастрасии журналистон ба маълумоти расмӣ тариқи агентии «Ховар» ӯ чунин ибрози назар кард: «Ин фоҷеа нест, зеро мо қаблан ҳам аз маълумоти сомонаи президент ё дигар мақомоти давлатӣ истифода мекардем. Аммо ба ин нукта бояд таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ки дар кадом ҳолатҳо журналист метавонад ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд? Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон дар бораи ВАО, сарфи назар аз кадом корхонаву ташкилотро намояндагӣ кардани журналист,ҳамаи мақомоти давлатӣ ва роҳбарони он ба пешниҳоди маълумот ба дархости журналист оид ба фаъолияти сохтори худ уҳдадоранд. Қонун бояд аз ҳама болотар бошад ва ба ҳеҷ кас озодии суханро манъ карда наметавонад».

Ёдрас мекунем, ки қаблан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 протоколеро ба имзо расонид

, ки мутобиқи он бояд тамоми вазорату идораҳои давлатӣ ҳамаи маълумотро нахуст ба Агентии миллии иттилоотии «Ховар» дода, сипас дигар ВАО ҳам аз он истифода карда метавонанд, вале танҳо бо истинод ба «Ховар».

Зимни шарҳи ин маълумот раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ)

Нуриддин Қаршибоев ба «Азия-Плюс» изҳор намуд,

ки сарфи назар аз шакли моликият, қонунгузории ҷумҳурӣ ба дастрасии маълумот ба намояндагони ВАО-и Точикистон ҳуқуқи баробар медиҳад.

– Протоколи баимзорасида аз ҷониби ҳукумат оид ба минбаъд дастрасии журналистон ба маълумоти расмӣ тариқи агентии «Ховар»

мухолифи қонунгузории ҷумҳурӣ аст

, – иброз дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» коршинос Шокирҷон Ҳакимов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.