«Вавилон-М» миллионҳо қарз аз андозро қисм-қисм пардохт мекунад

Кумитаи андози Тоҷикистон ва ширкати «Вавилон-Мобайл» оид ба марҳила ба марҳила пардохт шудани миилионҳо қарз аз андози ин ширкат ба мувофиқа расиданд. Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки бинобар сабаби имконоти маҳдуди молиявии ширкат, ҷонибҳо ба чунин хулоса расидаанд. Ба гуфтаи ӯ, Кумитаи […]

Пайрав Чоршанбиев



Кумитаи андози Тоҷикистон ва ширкати «Вавилон-Мобайл» оид ба марҳила ба марҳила пардохт шудани миилионҳо қарз аз андози ин ширкат ба мувофиқа расиданд.

Раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки бинобар сабаби имконоти маҳдуди молиявии ширкат, ҷонибҳо ба чунин хулоса расидаанд.

Ба гуфтаи ӯ, Кумитаи андоз ба идомаи фаъолияти муқаррарии ширкат ва тадриҷан пардохтани қарз аз ҷониби он манфиатдор аст. «Дар ин масъала мо бо раҳбарияти ширкат шифоҳӣ созиш ҳосил кардем», – гуфт Давлатзода.

Номбурда зикр кард, ки давоми ду моҳи ахир ширкат 5 млн. сомонӣ аз ҳисоби қарзҳоро пардохт кардааст. «Қисмати боқимондаи қарз дар ҳаҷми 336 млн. сомонӣ моҳҳои наздик ба буҷети давлатӣ ворид мешавад», – таъкид дошт ӯ.

Қаблан рӯзи 15 июл раиси Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ Наим Мансурзода

дар робита ба ин масъала изҳор намуд

, ки онҳо шикояти назоратии ширкатро баррасӣ намуда, қонунӣ будани амали Кумитаи андоз дар ин баҳсро муайян кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан, моҳи июли соли 2014 раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита 

изҳор намуда буд,

 ки қарзи ширкати «Вавилн-М» аз андоз 341 млн. сомониро ташкил дода, бояд ин қарз қисм-қисм пардохта шавад.

«Бо назардошти ҷарима ва дигар пардохтҳо (аз ҷумла ҷаримаи аҳдшиканӣ ё пеня) қарзи умумии Babilon-mobile аз андоз 341 млн. сомониро ташкил дода, ин маблағи ошкоршуда баҳсӣ аст, зеро ширкат қарзро эътироф накарда, аз пардохти он саркашӣ дорад», – гуфта буд он замон Давлатов.

«Қарзи асосӣ дар давраи аз соли 2011 ба вуҷуд омадааст. Зимни санҷиш ошкор шуд, ки ширкат меъёрҳои қонунгузории зиддиинҳисориро риоя накарда, ҳангоми хизматгузорӣ ба мизоҷон аз тарифҳое, ки бо Агентии зиддиинҳисории кишвар мувофиқа нашуда буданд, истифода кардааст. Ҳамаи ширкатҳои пешрафта дар бозор тарифҳоро бояд бо Агентии зиддиинҳисорӣ мувофиқа намоянд. Ширкат дидаву дониста мизони даромадро аз будаш пасттар нишон додааст», – зикр карда буд ӯ.


Дар акс директори генералии «Вавилон-М» Беҳзод Файзуллоев

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.