«Барқи тоҷик» қарздори асосӣ аз пардохти андоз аст

Зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода изҳор намуд, ки ширкати «Барқи тоҷик» дар рӯйхати қарздорони асосии Кумита боқӣ монда, ба аввали нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзи ширкат аз пардохти андоз зиёда аз 152 млн. сомониро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, дар рӯйхати қарздорони бузурги Кумита ҳамчунин КВД «Ширкати алюминии […]

Пайрав Чоршанбиев



Зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода изҳор намуд, ки ширкати «Барқи тоҷик» дар рӯйхати қарздорони асосии Кумита боқӣ монда, ба аввали нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзи ширкат аз пардохти андоз зиёда аз 152 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, дар рӯйхати қарздорони бузурги Кумита ҳамчунин КВД «Ширкати алюминии тоҷик (41,6 млн. сомонӣ), ҶСК «НБО Сангтӯда-1» (33,2 млн. сомонӣ), корхонаҳои зертобеъи КВД « Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (17,2 млн. сомонӣ) ва Корхонаи давлатии «Алюминсохтмон» (10,2 млн. сомонӣ) низ ҳузур доранд.

«Бақияи умумии пардохти андозҳо дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ ҳудуди 702 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83 млн. сомонӣ зиёдтар аст», – қайд кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи андоз таъкид дошт, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба миқдори 2,7% барзиёд иҷро шудааст.

Ӯ зикр кард, ки аз ҳисоби ин пардохтҳо ба буҷети давлатӣ беш аз 3,7 млрд. сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда қариб 90 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

«Нимсолаи аввал нақшаи пардохти андозҳо дар ВМКБ – 12,4%, вилояти Хатлон – 5,1% ва шаҳри Душанбе – 0,8% барзиёд иҷро шуда, дар вилояти Суғд бошад, нақша ҳамагӣ ба андозаи 98,6% ба иҷро расид», – афзуд раиси Кумита.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.