Харҷи беш аз 135 млн. сомонӣ ба сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа

Дар корҳои азнавсозиву сохтмони қитъаи роҳи оҳани Душанбе – Ваҳдат – Ёвон – Қӯрғонтеппа беш аз 315 млн. сомонӣ маблағ равона гардидааст. Муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Баҳром Шодиев зимни нишасти хабарии имрӯза гуфт, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар сохтмони шохаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон ва корҳои азнавсозии қитъаи Роҳатӣ – Ваҳдат […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар корҳои азнавсозиву сохтмони қитъаи роҳи оҳани Душанбе – Ваҳдат – Ёвон – Қӯрғонтеппа беш аз 315 млн. сомонӣ маблағ равона гардидааст.

Муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Баҳром Шодиев зимни нишасти хабарии имрӯза гуфт, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар сохтмони шохаи роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон ва корҳои азнавсозии қитъаи Роҳатӣ – Ваҳдат – Элок ва Қӯрғонтеппа – Ёвон беш аз 52 млн. сомонӣ маблағ масраф гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон ба корҳои азнавсозиву сохтмони ин роҳи оҳан беш аз 10 ширкати ватаниву хориҷӣ ҷалб шуда, бунёди нақбу пулҳо дар масири роҳро Корпоратсияи сохтмони роҳҳои оҳани Чин ба уҳда дорад.

Ёдрас мекунем, ки сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Ваҳдат – Ёвон – Қӯрғонтеппа соли 2009 оғоз гардида, масофаи умумии роҳ 46,3 километрро ташкил медиҳад ва анҷоми сохтмону корҳои азнавсозии роҳ соли оянда дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.