Сармоягузории БАТР ба қисмати тоҷикистонии лоиҳаи CASA-1000

Шӯрои мудирони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) масъалаи ҷудо кардани маблағ барои амалисозии қисмати тоҷикистонии Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000)-ро мавриди баррасӣ қарор додааст. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарии рӯзи 22 июл дар ин робита изҳор намуд, ки ба наздикӣ Шӯрои […]

Пайрав Чоршанбиев



Шӯрои мудирони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) масъалаи ҷудо кардани маблағ барои амалисозии қисмати тоҷикистонии Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000)-ро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарии рӯзи 22 июл дар ин робита изҳор намуд, ки ба наздикӣ Шӯрои мудирони БАТР баррасии масъалаи маблағгузорӣ ба қисмати тоҷикистонии лоиҳа CASA-1000 дар ҳаҷми 110 млн. доллари ИМА-ро дар нақша дорад ва баъди дастрас шудани ин воситаҳо масъалаи сармоягузорӣ ба қисмати тоҷикистонии лоиҳа пурра ҳаллу фасл мешавад.

Ба гуфтаи вазир, амалисозии лоиҳа дар Тоҷикистон аз ҳисоби воситаҳои Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд ва Фонди рушди Кувайт,  ҳукуматҳои Британияи Кабир ва ИМА, ҳамчунин аз ҳисоби воситаҳои ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад ва барои табиқи қисмати тоҷикистонии лоиҳаи CASA-1000 дар маҷмӯъ тақрибан 300 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст.

Зимнан зикр гардид, ки то ахири соли равон паймонкори кулли лоиҳа интихоб шуда, пас аз он бевосита корҳои сохтмону насби хатҳои интиқоли барқ шурӯъ мешаванд.

Қаблан

иттилоъ дода будем

, ки ахири моҳи июли соли равон имзои намунаҳои ниҳоии созишномаҳои сохтмони хатти минтақавии барқ тибқи лоиҳаи CASA-1000 дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки дар лоиҳаи CASA-1000  сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ барои аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон  интиқол додани нерӯи барқ пешбинӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.