Боздошти тоҷикон дар Маскав ба гумони як силсила ғоратгариҳо



Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Маскав се тан аз зодагони Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар як силсила дуздиву ғоратгариҳо дар қаламрави шаҳр ва вилояти Маскав боздошт намудаанд.

Бино ба

иттилои

Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав, боздоштшудагон ба манзилҳои хусусӣ ворид шуда, бо таҳдид ба соҳибманзилон бо корд маблағи пулӣ, маснӯоти заргарӣ ва телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ)-и онҳоро бо худ мебурдаанд.

«Гумонбаршудагон дар яке аз манзилҳои шаҳри Маскав боздошт ва зимни кофтукови шахсӣ қисмате аз амволи рабудашуда аз онҳо дарёфт ва мусодира шуда, даст доштани онҳо дар як силсила амалҳои ғоратгарона исбот шуд», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 162 Кодекси ҷиноии Русия (Роҳзанӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, муҳлати ҷазо тибқи ин модда то 12 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное