Маҳсулоти гурӯҳҳои занони Оксфам дар Намоишгоҳи минтақавии Хуҷанд

Гурӯҳҳои истеҳсолии занона, ки аз тарафи Оксфам дастгирӣ карда мешаванд, маҳсулоти кишоварзии худро дар Намоишгоҳи тиҷоратии минтақавии дурӯза, ки дар  рӯзҳои 24-25 июл дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, ба маъраз мегузоранд. Намоишгоҳи тиҷоратии минтақавӣ истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон, истеъмолкунандагону тоҷирони маҳсулотҳои кишоварзиро бо мақсади рушди равобит, мубодилаи иттилоот ва инчунин пайдо намудани имкониятҳои нави тиҷорат ба ҳам […]

Иттилоияи расмӣ



Гурӯҳҳои истеҳсолии занона, ки аз тарафи Оксфам дастгирӣ карда мешаванд, маҳсулоти кишоварзии худро дар Намоишгоҳи тиҷоратии минтақавии дурӯза, ки дар  рӯзҳои 24-25 июл дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, ба маъраз мегузоранд.

Намоишгоҳи тиҷоратии минтақавӣ истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон, истеъмолкунандагону тоҷирони маҳсулотҳои кишоварзиро бо мақсади рушди равобит, мубодилаи иттилоот ва инчунин пайдо намудани имкониятҳои нави тиҷорат ба ҳам меорад. Дар назар аст, ки меҳмонони намоиш барои харидорӣ ва дастрас намудани маҳсулот ва хизматрасониҳо аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, Федератсияи Русия, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон меоянд.

«Намоишгоҳи тиҷоратӣ имконияти хубро баҳри пайдо намудани дастрасӣ ба бозорҳои нав, харидорон ва истеҳсолкунандагон барои Гурӯҳҳои истеҳсолии занонаи мо фароҳам меорад. Инҳо деҳқонони хурде мебошанд, ки маҳсулоти барои ҳамаи мо заруриро истеҳсолу тавлид менамоянд ва барои беҳтар намудани ҳаёту ҷамоатҳои худ якҷоя саъйю кӯшиш менамоянд» – қайд намуд Боян Колундзия, Директори Оксфам дар Тоҷикистон.

Деҳқонӣ сарчашмаи асосии шуғл дар деҳотҷойҳои Тоҷикистон маҳсуб меёбад чун бештари мардум даромадро маҳз аз ҳисоби парвариши пахта, донагиҳо, меваву сабзавотҳо ва инчунин парвариши чорво ба даст меоранд. Қисми зиёди деҳқонони хурдро занон ташкил медиҳанд, ки онҳо дар истеҳсолоти меваву сабзавот нақши муҳимро мебозанд.

Оксфам ба деҳқонони хурд, алалхусус деҳқонзанон, дар ба даст овардани даромади беҳтар кӯмак мерасонад. Мо таъсиси Гурӯҳҳои истеҳсолиро дастгирӣ менамоем ва ба онҳо дар ташкили алоқаҳои бозорӣ бо иштирокчиёни мухталифи занҷираи арзишӣ ёрдам мекунем.

«Мо дарк намудем, ки кори дастаҷамъона метавонад ба ҷамоатҳо ва шахсони алоҳида манфиати зиёд орад – сифати такмилёфтаи маҳсулот, ҳосили зиёдтар, арзиш ва даромади бисёртар, мавқеи волои иҷтимоӣ ва омӯзиши малакаҳои раҳбарӣ», – изҳор дошт Соҷидамоҳ Асоева, аъзои фаъоли Гурӯҳи истеҳсолии занонаи «Рӯъё».

Мо инчунин дар таъмини машварати ҳуқуқӣ кӯмак мерасонем, то деҳқонон ҳуқуқҳои худро вобаста ба замин ва захираҳо дониста бошанд ва тавонанд онҳоро ҳимоя намоянд. Мо бо ҳукуматҳои сатҳи маҳаллӣ ва марказӣ барои таъмини манфиати воқеъӣ барои деҳқонон ва кишоварзон кору фаъолият менамоем.

Оксфам ташкилоти умумиҷаҳонии рушд аст, ки иқтидори мардумро барои мубориза бо камбизоатӣ равона мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.