Густариши ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистону Чин

Рӯзи 23 июли соли 2015 дар Пекин дар доираи сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов музокироти ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти музокирот доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистону Чин, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, таҳкими заминаи шартномавию […]

ASIA-Plus



Рӯзи 23 июли соли 2015 дар Пекин дар доираи сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов музокироти ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти музокирот доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистону Чин, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, энергетика, маориф, фарҳанг ва рушди захираҳои башарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зарурати идомаи ҳамоҳангсозии бештар миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои татбиқи амалии қарорҳое, ки қаблан аз ҷониби раҳбарони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин қабул гардида буданд, таъкид гардид.

Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар инчунин перомуни масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули назар карда, рағбати худро ҷиҳати таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ таъкид намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба вазъият дар Афғонистон зоҳир карда шуд.

Дар фарҷоми музокирот ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин,  ки бемайлон густариш меёбанд, баҳои баланд доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.