Аз соли 2007 ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун беш аз 6,5 млрд. сомонӣ равона гардид

– Нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳудуди 585 млн. сомонӣ маблағ равона шуд, – иттилоъ дод муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарии имрӯза. Ба гуфтаи ӯ, ин миқдор маблағ 84% аз ҳаҷми пешбинишударо ташкил медиҳад, зеро барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун нимсолаи аввали соли 2015 […]

Пайрав Чоршанбиев



– Нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳудуди 585 млн. сомонӣ маблағ равона шуд, – иттилоъ дод муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарии имрӯза.

Ба гуфтаи ӯ, ин миқдор маблағ 84% аз ҳаҷми пешбинишударо ташкил медиҳад, зеро барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун нимсолаи аввали соли 2015 ҷудо гардидани 650 млн. сомонӣ аз буҷет пешбинӣ гардида буд.

Каримзода қайд кард, ки то ахири сол ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи мазкур ҷудо кардани беш аз 1,6 млрд. сомонӣ дар нақша аст. «Шурӯъ аз соли 2007 бо таъсиси ҶСК «НБО Роғун» ба идомаи сохтмони ин иншоот беш аз 6 млрд. 435 млн. сомонӣ маблағ равона гардид», – иброз дошт ӯ.

Ғайр аз ин, изҳор дошт Каримзода, барои харидории таҷҳизоти нерӯгоҳи Роғун аз ҳисоби воситаҳои бадастомада аз фурӯши саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» ҳудуди 327 млн. сомонӣ маблағ масраф шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун ҳудуди 860 млн. сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шуд. «Қисмате аз ин воситаҳо дар суратҳисобҳои амонатии бонкҳои ҷумҳурӣ гузошта шудаанд, ки фоизҳои онҳо 60 млн. сомониро ташкил доданд», – афзуд муовини аввали вазири молия.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио